«Chevrolet Spark» ва «Nexia» дигар истеҳсол намешаванд

Ширкати «UzAuto Motors»  тасмим дорад, ки истеҳсоли мошинҳои тамғаи «Chevrolet Spark» ва «Nexia»-ро қатъ намояд.

Дар робита ба ин ширкати «UzAuto Motors» иттилоъ додааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 160 ҳазор мошин истеҳсол карда, бо талаби фармоишгарон истеҳсоли навъҳои нави мошинҳоро ба роҳ монд.

Бино ба афзоиши фармоиши муштариҳо ба навъҳои муосиртари мошинҳо, ширкати «UzAuto Motors»  марҳила ба марҳила ба истеҳсоли навъҳои нави мошинҳо мегузарад. Истеҳсоли мошинҳои тамғаи «Chevrolet Spark» ва «Nexia»-ро бошад, дар охири соли 2022 қатъ менамояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.