“Чойхонаи мусиқӣ”-и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд
Аз 11 то 20-уми марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” сафари ҳунарии Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни сафари ҳунарӣ Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик мегардонад.
– Муаллиф, коргардон ва рассоми «Чойхонаи мусиқӣ» Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ манзури кӯдакону наврасон мешавад, меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ