Далер Ҷумъа дар Санкт-Петербург доир ба таҷдиди “Барқи Тоҷик” гуфт

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни иштирок дар ҷаласаи панели «Неруи барқ ​​дар давраи тағйирот», ки дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор гардид, оид ба ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидори нави энергетикӣ асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқии обӣ суханронӣ намуд. 

Бино бар иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа рушди босуръати соҳаи энергетикаро дар кишвар шарҳ дода,  оид ба ислоҳоти соҳа  изҳори назар  намуд.

Ў дар бораи таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба се корхонаи ҷудогонаи истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ​​ёдовар шуда, ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикиро асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин нақшаҳои наздиктарини Тоҷикистон дар соҳаи рушди энергетикаи офтобу шамол маълумот додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин,  губернатори вилояти Челябинск Александр Текслер, вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов, директори генералӣ, раиси Раёсати ҶСП «Россети» Андрей Рюмин, раиси Раёсати ҶСК «Оператори системавӣ»,  «Системаи ягонаи энергетикӣ» Федор Опадчий, раиси Раёсат, директори генералии ҶСП «РусГидро» Виктор Хмарин ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат ва суханронӣ намудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.