Дар Қазоқистон ҳоҷатхонаҳои … 60-ҳазордолларӣ бунёд мешавад

Хабари бунёди ҳоҷатхонаҳои сарироҳии 60-ҳазордолларӣ дар Қазоқистон сокинони ин кишварро дар ҳайрат гузоштааст.

Ширкати давлатии «Қазавтожол»-и Қазоқистон, ки масъули назорати роҳҳои мошингард аст, гуфт, дар канори роҳҳои ин кишвар 304 ҳоҷатхона бунёд хоҳад кард. Ба гуфтаи ширкат, ҳар як ҳоҷатхона бо харҷи 23 миллион танга, ҳудуди 60 ҳазор доллар сохта мешавад. Ин хабар дар ҷомеаи Қазоқистон баҳсҳои тундеро ба миён овардааст.

Вале масъулони ширкат мегӯянд, ин ҳоҷатхонаҳоро бо пули сармоягузорон хоҳанд сохт.

«Дар бунёди ҳоҷатхонаҳо ягон танга аз буҷаи давлат сарф намешавад. Вале харҷи нигоҳубини онҳо аз ҳисоби буҷа хоҳад буд», — изҳор дошт муовини мудири «Қазавтожол» Талгат Смагулов.

Ба гуфтаи ӯ, нигоҳубини ҳоҷатхонаҳои нав аз 700 ҳазор то 1,5 млн танга моҳона харҷ хоҳад дошт. Вале дар ҳоли ҳозир ҳаҷми харҷ дақиқ нест. «Дар озмун касе баранда хоҳад шуд, ки барои нигаҳдории ҳоҷатхонаҳо маблағи кам пешниҳод кунад», — афзуд вай.

Қарор аст, дар навбати аввал ҳоҷатхонаҳо дар қисмати шимолии Қазоқистон бунёд шавад. Ба иттилои «Қазавтожол», 304 ҳоҷатхона то соли 2022 бунёд карда хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.