Дар 19- солагӣ аз зиндагӣ серам

Мехоҳам мисли дигар дармондагон аз хонандагони сершуморат маслиҳат бипурсам.

Нав ба 19 қадам мондаам, вале дар ҳамин айёми шукуфоии умр аз зиндагӣ тамоман дилхунук ҳастам. Шояд шумо гумон кунед, ки муҳтоҷию дармондагӣ маро аз ҷони ҷавонам сер кардааст, вале дар асл чунин нест. Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омада, бо меҳру муҳаббати беандоза камол ёфтаам. Дар байни 4 писар духтари ягона ва эркаю азизи волидон будам. Падару модарам маро Малика ном ниҳода, мисли маликаи ҳақиқӣ рӯйи даст бардошта мегаштанд. Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, паси дарамон хостгорборон шуд. Сарватмандон як қонуни нонавишта доранд, фарзандонашонро танҳо ба оилаҳои мисли худашон бою бадавлат медиҳанд. Падари ман низ аз байни хостгорҳои бешумор писари як дӯсти наздикашро интихоб намуд, то умре шоҳона зиндагӣ кунам. Ҷавонро надида бошам ҳам, хотири падарам не гуфта натавонистам. Ҳамин тавр мо бо тӯйи бодабдаба хонадор шудем. Падарам умед дошт, ки баъди қудо шудан, бо он ҷӯрааш боз ҳам қаринтар мегардад, вале хаёлаш хом баромад. Шавҳарам як ҳафта пас аз тӯй иқрор шуд, ки духтари дигареро дӯст медорад, вале падару модараш “камбағали пойлуч” гӯён, ӯро келин накардаанд. Хеле кӯшиш кардам, ки дилашро ба даст биёрам, вале натавонистам. Ҳушу ёди шавҳарам танҳо ба ҳамон дӯстдоштааш буд. Билохира ӯ маро ба хонаи падарам оварда монд ва барои расман ҷудо шудан ба суд ариза дод. “Ман ин корро ҳамту намемонам” гӯён,  падарам таҳдид намуд, ки агар аз ман ҷудо шавад, коре мекунад, ки шавҳарамро аз вазифааш сабукдӯш месозанд. Ба хотири аз даст надодани мансаб шавҳарам боз ба суроғи ман омад, вале маро ба хонаи худашон нею ба хонаи бибиаш, ки дар деҳа танҳо зиндагӣ мекард, бурда монд. Айни ҳол дар моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ қарор дорам. Дар батнам дугоник дорам: Ҳасан ва Ҳусейн. Шавҳарам ягон бор маро суроғ намекунад. Ошкоро гуфтааст, ки агар 10- то дугоник зояд ҳам, ман ӯро дӯст дошта наметавонам, чунки дар дилам ишқи Мавлуда маъво дорад. Намехоҳам аз ин зиёд азоби танҳоӣ кашам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Воҷиба.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *