Дар дарёи Зарафшон 2 нерӯгоҳ бунёд мешавад

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев  дар маросими маҷозии оғози амалигардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон иштирок карданд.

Бинои ба иттилои расмӣ, 2 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

“Мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.

Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Ӯзбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок карданд”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *