Дар Душанбе боз ду дафтари кории Tcell ба фаъолият оғоз кард

Ширкати Tcell фаъолияти корияшро густариш бахшида, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муштариён боз ду дафтари кории худро боз намуд. Маркази нави хизматрасониҳои ширкат дар кучаи Рӯдакӣ 55, ва кӯчаи Беҳзод ба фаъолият шуруъ намуд.


Ширкати Tcell фаъолияти корияшро густариш бахшида, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муштариён боз ду дафтари кории худро боз намуд. Маркази нави хизматрасониҳои ширкат дар кучаи Рӯдакӣ 55, ва кӯчаи Беҳзод ба фаъолият шуруъ намуд.

Маросими кушодашавии марказро Директори генералии Tcell – Озодхон Давлатшоев ва Мудири шуъбаи саноат ва савдои ноҳияи И. Сомонӣ Мусозода Илҳом баргузор намуданд.

Дафтар бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳаз буда, барои хизматрасонии сатҳи олии муштариён шароит муҳайё аст. Мутахасисони дафтар аз курсҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, барои таъмини босифати алоқа ба муштариён ҳамаҷониба омодаанд.

Муштариён аз кормандон тамоми намуди дархосту кумакҳоро оиди хизматрасониҳои ширкат гирифта метавонанд. Аз ҷумла пайвастнамоии SIM-кортҳои Tcell, пурнамоии ҳисоб, маълумотҳо дар бораи тарофаҳои ширкат, насби барномаи «ТезСум» барои пардохти хизматрасониҳо ва интиқоли маблағ ва ғайраҳо.

Ғайр аз кумаки техникӣ инчунин, хариди телефонҳои мобилӣ ва гушмонаку ноқилҳои қуввадиҳанда фурӯхта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *