Дар Душанбе боз як фабрикаи бузурги дӯзандагӣ ифтитоҳ шуд

10 апрел бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гардӣ»  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, ба маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона ба роҳ монда шудааст.

“Корхонаи навбунёд дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

 Ҳоло шумораи коргарон дар ин фабрикаи дӯзандагӣ 210 нафарро ташкил медиҳад. Бо пурра ба кор пардохтани иқтидори лоиҳавии он шумораи онҳо ба 400 нафар расонида мешавад.

Ба  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудааст, ки  Корхонаи дӯзандагии “Гардӣ” дар як шабонарӯз имкон дорад то 13 ҳазор сару либоси гуногун истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як сол аз 1,5 то 2 млн. дона либос омода намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *