Дар Душанбе «Cherry Kid’S Academy» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори боғча оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони мазкур шинос гардид.

Бино ба иттилои бахши иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохтмони муассиса тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Закия Сохтмон» ба роҳ монда шудааст. Фармоишгари Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy» соҳибкор Давлатов Хурсанд маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶСК «Селтехпроект» анҷом дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдак дар 9 гуруҳи синну соли гуногун пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон дар масоҳати 0,24 га бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳар як гуруҳи таълимӣ бо ҷойи хоб, ҳоҷатхона, се ҷойи дастурӯйшӯӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин, утоқҳои кории ёрирасон, аз қабили логопед, методӣ, тиббӣ, муҳосибот, ҳуҷраи либосшӯӣ, утоқи мудир, толори варзишӣ, толори мусиқӣ ва ошхона бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи оббозӣ ва нуҳ майдонча барои бозии кӯдакон омода карда шудааст. Дар муассиса 35 нафар корманди таълимӣ ва техникӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Таълиму тарбия дар кӯдакистон пурра ба забони англисӣ аз рӯйи барномаҳои таълимии ҷаҳонӣ – STEAM (Science, Technology, Engineering, Art and Math), IYCS (International yearly curriculum) ва CAMBRIDGE ба роҳ монда шуда, мутахассисони он дорои маълумоти олии касбӣ ва сертификати байналмилиалии «Cambridge» мебошанд.

Ҳамчунин, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино Муассисаи томактабии хусусии «Душанбе Монтессори»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, масоҳати умумии иншоот 1632 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ошёна иборат аст ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳамчунин тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи барномаи Мария Монтессори ба кӯдакон таълим дода мешавад.

– Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, толори фарҳангӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, толори машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, 4 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергуруҳҳо – логопед, мусаввирӣ, мусиқӣ, равоншинос мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *