Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии СҲШ таъсис меёбад
Рӯзҳои 2–3 июли соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон машварати коршиносони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни машварат лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо оид ба аҳаммияти таъсиси чунин як марказ табодули назар намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар самти муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карданд.
Ҳадафи таъсиси марказ тақвияти ҳамоҳанг сохтани фаъолияти кишварҳои узв дар мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, мубодилаи саривақтии иттилоот ва татбиқи чораҳои муштараки амалӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ