Дар Душанбе масъалаи бунёди метро баррасӣ мешавад
Мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ имкони бунёди метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, муҳандисон якҷо бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ хусусияти релефи Душанберо меомӯзанд.
Коршиносон бояд ба ин навъи нақлиёт ниёз доштан ё надоштани сокинони Душанберо муайян намоянд. Инчунин, тасмим ҳаст, то шароити муҳандисиву геологӣ низ санҷида шавад, ки дар асоси он дар бораи чӣ тавр гузоштани хатҳои метрополитен дар туннелҳо, дар рӯи замин ва ё дар эстакадаҳо қарор қабул карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея дар бораи бунёди метро дар Душанбе ёддошт ба имзо расида буд. Он замон хабар дода шуд, ки шохаи якум заминӣ шуда, дарвозаи ҷанубии шаҳрро бо майдони сирк мепайвандад.
Бояд гуфт, ки соли 2017 Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаеро тасдиқ карда буд. Дар ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки қатораи тезгард аз зери замин ва қад-қади эстакада мегузарад.
Ҳамчунин, коршиносони тоҷик пешниҳод кардаанд, то қад-қади рӯдхонаи Душанбе як роҳи оҳан сохта шавад, ки ҷанубу шимоли пойтахтро ба ҳам мепайвандад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ