Вакилони Тоҷикистону Русия ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ карданд

Рӯзи 15-уми июн раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати Русия, ки иборат аз вакилони Думаи давлатӣ таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи дифоъ Юрий Швиткин аст, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки таваҷҷуҳи асосии ҷонибҳо ба имкони тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн зоҳир гардид. Дар ин замина аҳамияти идомаи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо таъкид шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин таъкид карданд, ки сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои вакилон барои рушди босамари ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ҳама соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Илова бар ин, худи ҳамон рӯз Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо гурӯҳи кории Думаи давлатӣ мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *