Дар Хатлон Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил гардид

Имрӯз, 30-юми сентябри соли равон, дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карда шуд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон аз бузургиву манзалати Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар шуда, гуфт, ки “Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо эҷодиёти гаронбаҳои хеш дар дили ҳазорҳо нафар ҳаводорони шеър ҷой гирифта, сабки эҷоди ашъори Мавлоно бо забони соддаву гуворо суруда шуда, дар адабиёти классикии тоҷику форс нақши созгоре доштааст”.

Дар ин чорабинӣ иштирокдорон дар назди муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гулчанбар гузоштанд ва барои гиромидошташ сари таъзим фуруд оварданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карда мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *