Дар Ҳисор зан шавҳарашро бо корд ба ҳалокат расонд
Кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолати куштори мардро ошкор намуда, гумонбарро дастгир кардаанд.
Ба иттилои мақомот, Аминзода Шукрона, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор, дар манзили истиқоматиаш бо шавҳараш Тағоев Давлатмурод, соли таваллудаш 1991, муноқиша кардааст.
Гуфта мешавад, зан бо истифода аз корд чор маротиба ба қафаси синаи шавҳараш зарба задааст.
Дар натиҷа, Тағоев Давлатмурод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Аминзода Шукрона бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Тафтиши ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ