Дар Хоруғ махфигоҳи яроқ ошкор гардид

Дар доираи чорабинии оперативӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар ВМКБ шаҳрванд Ҷоншоев Нуралишо Миралишоевич — узви фаъоли гуруҳи муташаккили ҷиноятии Мазоров Хурсанд бо як адад норинҷаки дастии Ф-1 дастгир гардида буд.

Дар идомаи ҳаракатҳои тафтишотӣ аз рӯи нишондоди дастгиршуда Ҷоншоев Нуралишо макони пинҳоннамудаи силоҳу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуруҳи муташаккили ҷиноии Мазоров Хурсанд бо тахаллуси ҷиноии “Синийглаз” муайян карда шудааст, ки дастгиршуда ва дигар ҳаммаслакони ҷиноиаш ба хотири халосӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ миқдори калони муҳимоти ҷангиро дар дохили ҳоҷатхонаи бинои 22-и кӯчаи Ҷомии маҳаллаи Тирчид, маъруф ба УПД пинҳон намудаанд. Сипас аз дохили ҳоҷатхона силоҳу аслиҳаи ГМҶ маҳаллаи Тирчид берун оварда шудааст, ки аз чунин навъи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ иборат аст:

— 5 адад автомати “Калашников”;

— 1 адад пулемёти “Калашников”;

— 1 адад пулемёти дастии “Калашников”;

— 1 адад гулӯлаи РПГ;

— 3 адад норинҷаки дастии РПГ-17;

— 2 адад запали норинҷак;

— 1161 адад тирҳои қутрашон гуногун;

— 21 адад тирдони автомати “Калашников”;

— 1 адад дурбини шабона;

— 1 адад дастчуби резинӣ;

— 1 адад мавҷқабулкунаки радиоӣ бо 4 батарея;

— 10 адад камзули ҳарбӣ;

— 1 адад ноқили таркишгарӣ.

— Айни ҳол нисбати Ҷоншоев Нуралишо ҳамчун узви фаъоли гуруҳи муташаккили ҷиноятии Мазоров Хурсанд, ки шахси масъул барои интиқолу пинҳон ва тақсим намудани силоҳу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ дониста мешуд, тибқи талаботи моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ оид ба муайян намудани дигар ҷиноятҳои қаблан содирнамудаи Ҷоншоев Нуралишо идома дорад,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ВМКБ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.