Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зани ҳомила аз ботулизм шифо ёфт

Зани ҳомилае, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бемории ботулизм сироят ёфта буд, пурра шифо ёфт.
Дар ин бора Хайрулло Ҳабибуллозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Вай таъкид кард, ки зани ҳомиларо зери назорати қатъӣ гирифта, кӯдакашро тариқи буриши қайсарӣ ба дунё оварданд. Баъди муолиҷаи саривақтӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа вазъи саломатии модару кӯдак беҳтар гардид.
Бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят, ин ҳолат дар таҷрибаи кории соҳа бори аввал ба қайд гирифта шуд ва як дастоварди назарраси соҳа дар соли 2023 ба ҳисоб меравад. Зеро духтурон тавонистанд, ки бо вуҷуди сироятёбӣ ба бемории ин хавфнок зани ҳомиларо ҳамроҳи кӯдакаш сиҳату саломат гардонанд.
Ёдовар мешавем, ки чор узви як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (консерваи худсохт) заҳролуд (бемории ботулизм) шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми декабр рух дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *