загс

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ никоҳ зиёду талоқ кам шуд

Давоми се моҳи аввали соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 23 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Назар ба ҳамин давраи соли 2024 –ум 15 ҳолат кам мебошад.

Аз шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар се моҳ 495 ақди никоҳ баста шудааст.

Ба иттилои расида, давоми сол 23 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шуда, аз ин 16 ҳолат дар асоси ҳалномаи суд ва 7 ҳолати дигар бо аризаи якҷояи ҳамсарон ҷудо шудаанд.

Ҳамчунин, дар се моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 612 таваллуд ба қайдгирифта шуда, 113 таваллуд назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Вафот бошад, давоми соли равон 201 ҳолат сабт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *