Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз фурӯравии замин пешгирӣ мекунанд
Дар нишасти матбуотии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфта шуд, ки соли 2021 бо як қарори ҳукумати кишвар 332 гектар замин аз гардиш берун карда шуд.
“Заҳбуру заҳкаш ва заминҳои сафедхок дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиёд аст ва аз ҳамин сабаб заминҳо фурӯ рафтанд”, — гуфта шуд дар нишасти хабарӣ.
Маҳмуд Амирзода, иҷокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ афзуд, ки ноҳияи мо аз дигар ноҳияҳо хеле паст аст ва заминҳои сафедхок дорад, ба мисли пудраанду қувватнокиашон кам мебошад.
“Аз заминҳои гардиш берун шуда, 82 гектарро заминҳои корами обӣ ташкил мекунад”, — гуфт вай.
Номбурда таъкид кард, ки “Дар рӯзҳои аввали корӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид як экскватор ба ноҳия ворид карда шуд. Дар ду рӯз беш аз 500 метр заҳбуру заҳкаш тоза карда шуд”.
Ҳомидҷон Муродалиев, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки дар ноҳияи мо 607 километр заҳбуру заҳкаш мавҷуд аст. Нақшаи тоза кардани он дар мавсими имсола 45 –ро ташкил мекунад.
“Мо аз аввали мавсим то имрӯз беш аз 70 километр заҳбуру заҳкашро тоза кардаем ва ҳоло идома дорад. Албатта, тоза кардани заҳбуру заҳкаш дар пешгирии фурӯравии замин ва ба гардиши кишоварзӣ ваорид кардани заминҳои бекорхобида мусоидат мекунад”,-иброз дошт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ