Дар Русия ҳар рӯз 3 тоҷик мемурад

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Диалог»-и шаҳри Красноармейски вилояти Маскав, соати тақрибани дуи рӯзи 8 январ дар ҳудуди ҷамъияти боғдории «Русаль-2” ҷасади як шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистонро дар рӯи роҳ пайдо кардаанд. Пулис мегӯяд, ки ҷасад бидуни либоси рӯ буд ва дар пойҳояш пойафзол ҳам надошт.

Мақомоти пулиси Пушкино мегӯянд, дар бадани шаҳрванди тоҷик аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо накардаанд. Танҳо маълум шудааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1973 будааст.

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав сабабҳои марги ин муҳоҷири тоҷикро тафтиш мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ин мулки мусофирӣ то се муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *