Дар сафар танҳо бо як смартфон чӣ метавон кард?

Сафарҳои хизматӣ, сайру сайёҳат, дидорбинии наздикон, сафар ба осоишгоҳи лижаронӣ ё боздид аз ёдгориҳои таърихи қадимаи Тоҷикистон – мо барои анҷоми сафар баҳонаҳои зиёд дорем. Лекин дар роҳ мушкилиҳои зиёд низ ба миён омада метавонанд. Хушбахтона, баъзеи онҳо бо ёрии смартфон ба осонӣ ҳал карда мешаванд. Чӣ тавр? Биёед, инро ҳангоми сафар тавассути автомобил муайян созем…масалан, аз Душанбе ба Хуҷанд.

Роҳ ба самти шимол аз қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор мегузарад. Масир тӯлонӣ аст, беҳтараш мошинро дар пойтахт бо сӯзишворӣ пур кунед. Маблағи бензинро чӣ тавр бояд пардохт кард? Дар мавриди пули нақд хавотир нашавед: дар смартфон замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро кушоед, то бо истифода аз маблағҳои “Ҳамён” ё тавассути корти бонкии ба замима вобасташудаи “Корти Миллӣ” пардохтро анҷом диҳед. Агар тавассути телефон QR-рамз скан гардида, маблағи зарурӣ ворид карда шавад, пардохт дарҳол гирифта мешавад.

Акнун пойтахт дар ақиб монд. Манзараҳои дилкашу назаррабои кӯҳӣ гирду атрофро иҳота кардаанд! Мехоҳед таассуротатонро ба дӯстон расонед? Боке нест, зеро «МегаФон Life» — ин боз паёмрасоне аст, ки тавассути он метавонед ройгон занг занед ва акс фиристед. Ё ин ки дар замима чати умумӣ ташкил намуда, якбора бо ҳама муошират кунед.

Шумо дар роҳ ҳастед ва дар ин вақт модаратон занг мезанад – витаминҳояш ба охир расидаанд… Пеш лозим меомад, ки ба дӯстон муроҷиат кунем ё халли масъала то бозгашт ба Душанбе мавқуф гузошта шавад. Акнун, хеле осон шудааст. «МегаФон Life»- ро мекушоед, ба қисми “Хизматрасониҳо” даромада, “Дорухона”-ро пайдо карда, дар шабакаи Salomat.tj бо дастраскунӣ ба дилхоҳ нуқтаи пойтахт дорувориро фармоиш медиҳед. Инчунин, акнун метавонед ба таври фосилавӣ ба модаратон ҷиҳати рафтан ба мағоза кӯмак расонед! Дар ҳамон қисми “Хизматрасониҳо” “Маҳсулот»-ро пайдо намуда, молҳоро ба “Сабад” гузоред ва маблағи дастраскуниро пардохт намоед. Сипас, кормандони шабакаи супермаркетҳои “Пайкар” онҳоро ба суроғаи зикршуда оварда мерасонанд.

Як дақиқа, магар онлайн-фармоишҳо дар шоҳроҳи дур аз шаҳр имконпазиранд? Албатта. Мегафон Тоҷикистон шабакаи худро дар саросари ҷумҳурӣ рушд медиҳад, интернети мобилӣ дар роҳҳои мошингард, ҷамоатҳои дурдаст, дар наздикии истироҳатгоҳҳои маъруфу машҳур дастрас аст. Масалан, агар дар роҳ ба сӯйи Хуҷанд мехоҳед аз маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-Дара” дидан намоед, смартфон ҳатто дар баландкӯҳҳо мавҷро пайдо мекунад. Феълан, яке аз онҳо номи рамзии Қуллаи Мегафонро дорад. Агар хоҳед боварӣ ҳосил намоед, ки дар ҷойе, ки таваққуф кардед, оё интернет ба шумо имкони фармоиш додан ё ирсоли аксу видеоҳоро медиҳад ё на, пас «МегаФон Life»-ро кушода, дар қисми “Боз” замимаи “Дархости беҳтар кардани алоқа” ва сипас “Тафтиши суръати интернет”-ро пахш кунед. Итминон дорем, ки берун аз шаҳрҳо низ суръати интернет баланд хоҳад буд.

Агар дар «МегаФон Life» метавон маблағи бензинро пардохт кард, пас ҳеҷ чиз барои пардохт тавассути маблағҳои “Ҳамён” ё корти бонкии вобасташуда дар мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, аз ҷумла тавассути QR-код монеъ шуда наметавонад. Дар Хуҷанд пардохт тавассути замима дар марказҳои савдои “Амид”, “Анис”, “Муҳайё” ва “Авранг”, мағозаи либоси «Lc Waikiki», тарабхонаҳои “Белый дом”, “Висол” ва “Умари Хайём”, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Суғднефт” ва “Газпромнефт” имконпазир аст.

Бартарияти дигари пардохти ғайринақдӣ дар он аст, ки ҳангоми ҳар як харид тавассути замима шумо метавонед холҳои барномаи “Раҳмат”-ро соҳиб шавед. Онҳоро метавонед ба хизматрасониҳои алоқа иваз намоед, бастаҳои трафики интернети бо ин роҳ ба даст овардаро метавонед ба наздиконатон ҳадя намоед. Бонусҳои худро баъзе шарикони оператор низ пешниҳод менамоянд. Баргардонидани як қисми маблағи сарфшуда дар шакли кешбэк имконпазир аст. Гуворост!

Ана, рӯзҳои истироҳатӣ дар Хуҷанд сипарӣ шуданд, вақти бозгашт ба хона фаро расид. Шумо бошед, маблағи хароҷотро ҳангоми сафар дуруст ба инобат нагирифтед… «МегаФон Life» боз ёрирасони шумост. Аз наздиконатон хоҳиш кунед, ки тавассути замима ба шумо маблағ фиристанд, интиқоли онлайн дарҳол ворид мешавад. Пеш аз бозгашт мошинатонро бо сӯзишворӣ пур кунед!

Дарвоқеъ, «МегаФон Life» бартариҳои зиёд дорад. Ҳамин тариқ, шумо метавонед на бо мошин, балки бо ҳавопаймо ба сафар бароед. Барои ин, дар замима “Хизматрасонӣ оид ба хариди чиптаҳои ҳавопаймо” – ро пайдо намуда, нуқтаи парвозу фуруд, ширкати ҳавопаймо, вақти парвоз, дараҷаи ҷойи нишасти мусофирро интихоб намоед. Хизматрасониҳои муфид дар «МегаФон Life» мунтазам пайдо мешаванд ва онҳо на танҳо ҳангоми сафарҳо ва на фақат дар қаламрави Тоҷикистон фоидаоваранд, балки дар ҳама ҳолатҳо ба шумо кӯмак мерасонанд.

Муштарии оператор набошед ҳам, замимаро тавассути суроға боргирӣ намуда, аз тамоми имкониятҳои «МегаФон Life» баҳраманд гардед. Дар бораи анҷоми сафар ба дигар кишварҳо тавассути «МегаФон Life» бошад, мо ба шумо дар маводи навбатӣ маълумот хоҳем дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *