Дар шаҳри Левакант ба истиқболи 35-солагии Истиқлол 93 иншоот бунёд мешавад
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Левакант бунёди 93 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора раиси шаҳр Мастура Муминзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси шаҳр, аз соли 2022 то имрӯз 64 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 14 иншоот сохта шуда, то охири сол боз 13 иншооти дигар ба истифода дода мешавад.
“Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. Соли 2022 –юм 23 иншоот, соли 2023 –юм 12 иншоот, соли 2024-ум 14 иншоот сохта шуд. Дар соли 2025 бунёди 17 ва соли 2026 сохтмони 27 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз иҷрои умумии нақша 69 дарсадро ташкил медиҳад,” – таъкид кард Муминзода.
Ҳамчунин, раиси шаҳр хабар дод, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат, бунёди 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти шаҳр қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ