Дар шумораи №23-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Ситораи Кароматулло барои кӣ ашк рехт?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар таҳти унвони “Styopa аз чӣ фавтид?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Зани золим” сарнавишти марди нобиноест, ки ҳамсараш аз оҷизиву нотавонияш истифода бурда, ӯро латукӯб мекард.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад.

Дар қиссаи “Зиндагиямро вайрон накун, оча!” зиндагиномаи зане дарҷ гардидааст, ки бе падару модар ба воя расида, баъди ба зиндагии хушу хурсандона расидан модараш пайдо шуда, рӯзгорашро талх месозад.

“Арӯси эрка” қиссаест, ки дар он симои даҳҳо келину занҳои дигари тоҷик, ки бо феълу рафтори бад зиндагии худ ва аҳли оилаи шавҳарро ба дӯзах табдил медиҳанд, тасвир ёфтааст.

Зери рубрикаи “Чеҳра” матлаб дар бораи кору фаъолият ва марги бармаҳали сарояндаи шинохтаи кишвар, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бунафша Шокирова таҳти унвони “Ситорае, ки зуд хомӯш шуд!” пешкаши ҳаводорони ҳунар мегардад.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Ба занӣ гирифтани духтари холаю духтари тағо чӣ хатар дорад?” ба саволи хонанда табиби амрози занонаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ Мунира Раҷабова посух мегӯяд.

“Чаро оилаҳои ҷавон пош мехӯранд?”. Чунин унвон дорад назарпурсии хабарнигори ҳафтанома, ки бо як қатор шаҳрвандон ва сокинони ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.