Дар шумораи №31-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Шавҳари аз худам хурд карда, гунаҳкор шудам?”, “Аз хешу табори шавҳар безорам!” ва “Духтар зоям, бева мешавам” номаҳои кӯтоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Толеъномаи ошиқона дар саҳифаи 2-юми ҳафтанома манзури ошиқони шайдо мегардад. Ошиқон метавонанд чӣ гуна сипарӣ гардидани моҳи августро пешакӣ муайян намоянд.

Қиссаи “Ба намакдон туф накардан ҳунар аст” аз нақли марде рӯи коғаз омадааст, ки дар даврони ҷавонӣ метавонист бо як беандешагӣ ояндаи худ ва обрӯи як хонадонро, ки дар он нону намак хӯрдааст, барбод диҳад. Вале бо вуҷуди ҷавон буданаш сабру таҳаммулро пеша мекунаду ба шармандагӣ роҳ намедиҳад…

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” вақтҳои намоз аз 1-ум то 31-уми августи соли 2022 пешкаши хонандагон мегардад. Боз дар ҳамин саҳифа саволу ҷавобҳои кӯтоҳи диниро мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Қотил” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ хеле золиму ҷоҳил аст ва ҳатто баъди ба шавҳар баромадан сабабгори марги писарчааш мегардад.

“Морарӯс”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз нафрату бадбинӣ ва беодобии як ҷавонзан нақл мекунад. Мутаассифона, шумораи чунин бонувони беандеша дар ҷомеаи мо хеле зиёданд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз қиссаи оилае дар “Батош” то моҷарои Ралик ва Навик МС”-ро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кутоҳу ҷолиб оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунармандони рус, ҳинд ва турк дарҷ гардидааст.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “10 сабаби импотент шудани мард” оид ба оқибатҳои ин иллат маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.