Дар шумораи №46-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Писар таваллуд накунам, бадбахт мешавам”, “Шавҳарам зан доштаасту…”, “Зебоӣ душманам гашт” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа маводи хурде оид ба сабабҳои пиршавии инсон таҳти сарлавҳаи “6 сабаби бармаҳал пир шудани инсон” таҳия гардидааст.

Қиссаи “Асираи номард”, ки дар саҳифаи 3-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди шавҳари номдору аз худаш калонсол доштанаш ба доми макри марди алфонс ва беномусе меафтад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давоми онро дар шумораҳои минбаъдаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзуҳои динӣ посухи кӯтоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Яккаписар дар асорати бойдухтар”. Бо мутолиа намудани сарлавҳаи қиссаи мазкур пай бурдан мумкин аст, ки муҳтавояш чӣ гуна аст. Қаҳрамони қиссаи мазкур Пирумшо ба доми бойдухтаре афтода, дар охири умр бадбахту саргардон мегардад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз шикояти Дӯстмурод Шарипов то суҳбати Манижа дар бораи консерташ” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Чеҳра” таҳти унвони “Хандинкамон”-ро ба Душанбе мекӯчонам!” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтанома оид ба зиндагиву фаъолияти эҷодии ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абдуфаттоевро мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро чашмони кӯдак олус мешаванд?” оид ба роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.