Дар шумораи №33-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Барон бо Абдурозиқ оштӣ шуд?” оиди дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани хабаре, ки гӯё продюссер ва рэпсарои тоҷик Беҳрӯз Набиев ба Дубай ба назди Абдурозиқ рафтааст, савол ирсол намудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Шавҳарам занҳои зеборо дӯст медорад, вале…”, “Рашки хоҳаршӯ диламро гирифт”, “Шавҳари бангиамро дубора қабул кунам?” номаҳои кӯтоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Арӯси ғариб” дар бораи хиёнату номардии як муҳоҷири тоҷик аст, ки дар кишвари рус духтареро фиреб дода, хонаашро мефурӯшаду ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳову бесарпаноҳ мепартояд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Ғуломи ишқ” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки шавҳарашро девонавор дӯст медораду ба тамоми ранҷу дарди хушдоманаш сабру тоқат мекунад. Хушбахтона, бо дахолати падарарӯс ҷавонзан аз азобҳои ба сараш омада раҳоӣ меёбад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз таърихи нашри “Хона” то “Вой-вой”-и Баҳодуру Шаҳло”-ро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” дар бораи ҷашни арӯсии ду ситораи турк Озгӣ Гюрел ва Серкан Чайоғлуро бо чанд хабари кӯтоҳу ҷолиб оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунармандони ватанӣ мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро кӯдакон асабӣ мешаванд?” оид ба сабабҳои асабонияти атфол ва роҳҳои пешгириву оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *