оила

Дар шумораи №4-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Зихна нестам, пулро сарфа мекунам!”, “Хоҳаршӯям тилловориҳоямро дуздид”, “Зиндон шавҳарамро қуръонхон кард” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома бо ровӣ ва блогери муваффақ Сабринаи Назрӣ дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Аз Худо шарм дор, дугона” дар саҳифаи 3-и ҳафтанома аз нақли зане таҳия гардидааст, ки дар телефони шавҳараш расмҳои урёни дугонаашро дида, дучори фишори сахти руҳӣ мегардад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кӯтоҳи хонандагон дар мавзуҳои динӣ саволу ҷавобҳои кӯтоҳ дарҷ гардидааст. “Рӯзи сартарошӣ кадом аст?, Чаро хар ҳарому асп ҳалол аст?, Кӣ ҳуқуқи имоматӣ дорад? Қарз бе иҷозати шавҳар” саволҳои инҳафтаинаи ҳафтанома маҳсуб меёбанд.

Дар қисмати дигари саҳифаи мазкур дар маводи “Хушунат ва зӯроварӣ дар оила” оид ба ҳуқуқҳои зан бар мард ва ҳуқуқи мард бар зан аз нигоҳи ислом мавод таҳия гардидааст.

“Мусулмон ба дунё омаду…” зиндагиномаи пурдарди мардест, ки дар ҷавонӣ бо зани русе оила бунёд намуда, дар дами пирӣ азият мекашад.

Қиссаи “Шӯҷаллоб” аз сарнавишти зане рӯи коғаз омадааст, ки баъди чанд маротиба оиладор шудан номи бади шӯҷаллобро гирифтааст.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз гилаи Диловар Сафаров то рекорди нави Абдурозиқ” мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Чеҳра” дар боби зиндагии шахсии сарояндаи машҳуру маҳбуб Мадина Ақназарова ба саволҳои худ посух пайдо карда метавонед.

Зери рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Киҳо дугонику сегоник таваллуд мекунанд?” маводи тиббиро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *