Дар Тоҷикистон чӣ қадар соҳибкор фаъолият доранд?

Ҳоло дар  Тоҷикистон 368 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба  соли 2023   13,7 ҳазор субъект зиёд мебошад.

Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз инҳо 50,4 ҳазор соҳибкор тибқи патент, 36,7 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 60,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият намуда, 179,6 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунанд.

Аз ин шумора 327 ҳазору 106 нафарро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  12 ҳазору 598 адад зиёд аст.

Ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри имсол аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40 ҳазору 883 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  1183 нафар зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *