Дар Тоҷикистон филиали BVMW ифтитоҳ меёбад
Дар Тоҷикистон намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ифтитоҳ мешавад. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» матраҳ шудааст.
Гуфта мешавад, ки 7 ноябри соли равон бо ташаббус ва мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Олмон вохӯрии маҷозӣ байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон — «BVMW» доир гардид.
Дар он Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, узви Шӯрои иҷроияи федералии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» Андреас Ян ва дигар шахсони расмӣ аз ҳарду ҷониб иштирок намуданд.
Дар вохӯрии маҷозӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳокима карда шуданд.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмонро қайд намуданд. Ин ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, намояндагони ҳарду ҷониб қайд намуданд, ки барои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои содирот ва воридот, инчунин рушди сармоягузорӣ ва ташаббусҳои тиҷоратии байниҳамдигарӣ имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки бояд истифода шаванд”,-иттилоъ доданд аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Pressa.tj
Гуфта мешавад, ки дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» имзо гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи сафари ҳайати Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2025 ба мувофиқа расиданд. Дар доираи ин сафар ифтитоҳи намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» дар худ беш аз 900 000 ширкатро муттаҳид кардааст.
Ҳоло дар Олмон 300 намояндагӣ ва дар кишварҳои хориҷ беш аз 70 намояндагиҳои ин Ассотсиатсия фаъолият менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ