Дар Тоҷикистон Хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД-и Русия ифтитоҳ меёбад

Дар мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо ҳайати Русия таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Елена Мухтиярова масоили муҳоҷират баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуи авлавиятноки баҳс ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон будааст.

Илова бар ин, Гулнора Ҳасанзода ҳамроҳ бо Елена Мухтиярова масъалаи омода кардани муҳоҷирони меҳнатиро пеш аз сафар матраҳ намудаанд. Аз ҷумла, масъалаи такмили омодагии касбии 100 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардидааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи зарурати иҷрои созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия якдилона изҳори назар кардаанд.

Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Федератсияи Русия омодагии худро барои пайваста таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *