Дар Тоҷикистон барномаи рушди таҳсилоти касбӣ ва пахши рақамӣ то соли 2030 қабул шуд

Дирӯз, 28 август дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд.

Дар ҷаласа Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2030 баррасӣ ва қабул гардид. Барнома ба ҳалли масъалаҳои соҳа равона шуда, навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ, бозомӯзии омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати омода кардани мутахассисон, рақамикунонии соҳа ва ҷалби бештари ҷавонон ба касбомӯзиро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, Ҳукумат Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2026–2030-ро низ тасдиқ кард.

 Мақсади он фарогирии пурраи тамоми минтақаҳои кишвар бо мавҷи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар пахши рақамӣ, такмили инфрасохтор ва қонеъсозии ниёзҳои иттилоотии ҷомеа мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *