Дар Тоҷикистон портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ таъсис ёфт
Дар Тоҷикистон ба наздикӣ портали ягонаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ehukumat.tj ба фаъолият оғоз мекунад.
Тавре Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин платформа 56 муассисаи давлатиро фаро гирифтааст. Аллакай 22 ниҳод созишномаҳои ҳамкориро бо Агентии мазкур ба имзо расонидаанд.
Дар марҳилаи аввал шаҳрвандон метавонанд аз 11 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ истифода баранд.
Мақсад аз роҳандозии ин портал осон кардани дастрасии мардум ба хадамоти давлатӣ арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ