Дар ВМКБ Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноатро “зинда” карданд!

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Алишер Мирзонаботовро дар бобати ба номи қуллаҳои баланди назми муосири тоҷику форс, дорандагони ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ва унвонҳои олии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат гузоштани қуллаҳо дар ҳудуди ВМКБ хуш истиқбол намуда, самимона дастгирӣ мекунад.

Ин навид тамоми қаламкашони мамлакатро ниҳоят хурсанд карда, далели боризи қадршиносии роҳбари тозатаъйини вилоят аз фарзандони баруманди ин сарзамини бостонии тоҷикон мебошад.

Фақат бо роҳи арҷ гузоштан ба хидмати арбобони бузурги сиёсӣ ва фарҳангӣ, тарғиби густурдаи осори онҳо мо насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҳамбастагиву рафоқат тарбия карда метавонем.

Рӯҳи бузурги ин ду абармарди адабиёти тоҷик мададгоратон бод, муҳтарам раис!

Бо эҳтиром

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *