Даргузашти Ҳумоюн – писари ягонаи Озарахш ва Фарзона

Ҳумоюн – писари ягонаи Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона дар синни 21-солагӣ аз олам даргузашт.

Ба қавли наздиконаш, ӯ дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми апрел рӯй дод.

Ҳумоюн баъд аз ду духтар фарзанди сеюм ва писари ягонаи Озарахшу Фарзона буд.

Ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекард.

Бо пайдо шудани тафсилот хабар такмил хоҳад шуд.

P. S. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.TJ аз марги бармаҳали Ҳумоюн андуҳгин буда, ба шоирони шинохтаи кишвар Озарахш ва Фарзона изҳори тасаллият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *