Даргузашти журналисти собиқадор Гулчеҳра Усмонова (аудио)

Гулчеҳра Усмонова, журналисти собиқадор аз олам даргузашт. Ӯ 68 сол дошт ва вақтҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид.

Гулчеҳра Усмонова солҳои зиёд дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муҳаррири бахши русӣ буд ва инчунин, чанд сол муҳарририи нашрияи “Крим-инфо”-ро бар зимма дошт. Ӯ духтари журналисти маъруфи тоҷик Хайрулло Усмонов — шахси содиқ ба касбу кор буд. Мақолаву навиштаҳои ӯро бисёриҳо дар саҳифаҳои нашрияҳои русизабони Тоҷикистон хондаанд.

Маросими бахоксупории Гулчеҳра Усмонова имрӯз, 7-уми июн дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе барпо гардид.

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз марги нобаҳангоми ҳампешаи худ Гулчеҳра Усмонова андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.