Дархости Рамазон Раҳимзода аз вазири корҳои дохилии Русия
Хадамоти матбуоти ВКД хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода вобаста ба шиканҷа ва боздошти донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик дар як қатор шаҳрҳои Русия аз вазири ВКД-и Русия В. Колоколтсев дархост кардааст, ки ба қазия холисона расидагӣ намоянд.
“Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода вобаста ба шиканҷаи беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амури кишвари Хабаровски Русия ва дар бораи рейди мақомоти Русия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники канори Маскав ва дар дигар шаҳрҳо ба вазири корҳои дохилии Русия, генерали политсия В. Колоколтсев барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҳодисаҳои мазкур холисона назорат ва баррасӣ карда шаванд”,-омадааст дар гузориш.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19-уми май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Русия донишҷӯёни мазкурро субҳ ҳангоми хоб буданашон рейд намуда, ба онҳо бераҳмона бархӯрд карда, онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд. Гуфта мешавад, ки масъулони Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия сабаби озори донишҷӯёнро дар «фиристодани пул ба террористон аз тарафи яке аз донишҷӯён» унвон кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ