Хадамоти гумрук соҳиби «Маркази коркарди маълумот» шуд

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ифтитоҳи «Маркази коркарди маълумот» хабар медиҳад.

Мақсади таъсиси ин Марказ идора кардани раванди иттилоот ва таҳлили додаҳо мебошад. Инчунин он тағйироти вазъро саривақтӣ нишон дода, имкон медиҳад, ки барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ тадбирҳои пурсамар андешида шавад.

Бино ба иттилои манбаъ, Маркази мазкурро сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, сардори Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Мустафо Эртен, ҳамоҳангсози Барномаҳои байналмилалии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юсуф Қурбонов ифтитоҳ бахшидаанд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи «Маркази коркарди маълумот» натиҷаи ҳамкории созанда бо шарикони рушд дар самти такмили низоми гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда, он дар чаҳорчӯби Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.

Маркази мазкур кори мониторинги тамоми гузаргоҳҳои сарҳадиро ҳамоҳанг карда, таҳлили мутамаркази иттилоот дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқ ва вайронсозии дигар қоидаҳои гумрукиро соддатар менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *