лимит

Дархости Ширкати «Барқи тоҷик» аз мардум

Аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати «Барқи тоҷик» оид ба ин бо нашри як муроҷиатнома хабар дода, мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ вобаста медонад.

Дар муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” омадааст, ки «таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад.

Ҳамчунин, Ширкати “Барқи тоҷик аз мардум хостааст, ки «ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд».

Аммо Ширкати “Барқи тоҷик” дақиқ нагуфтааст, ки дар як шабонарӯз сокинон бо чанд соат нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Сокинони манотиқи кишвар бошанд, мегӯянд, ки шурӯъ аз 20-уми сентябр “лимит”-и барқ ҷорӣ шуда, дар як шабонарӯз 8-10 соат барқ мегиранд.

Новобаста аз камбуди барқ дар кишвар, Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Ба иттилои Агентии омори кишвар, дар 8 моҳи соли равон ба хориҷа зиёда аз 1 млрд киловатт соат барқ содир гардида, арзишаш беш аз 82,3 миллион доллар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *