Дариға узви болоии парлумон шуд

Духтари калонии президенти  Қазоқистон Дариға Назарбоева вакили порлумони болоии ин кишвар шудааст. Фармони президент дар бораи таъйини духтараш ба мансаби нав дирӯз баъди тағйироти кадрии ҳукуматӣ содир шудааст.

Дариға Назарбоева дар ҳукумати пешини Қазоқистон аз сентябри соли 2015 то кунун мақоми ноиб-сарвазириро соҳиб буд. То замони ноиб-сарвазирӣ муовини раиси порлумон буд.

Рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз мақом барканор ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд. Бакитҷон Сагинтоев курсии сарвазирии Қазоқистонро соҳиб гардид

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *