Дашном ба корманди БДА ва  қонунвайронкунӣ ду бародарро ба ҳабс бурд

Мақомоти милитсияи Душанбе ду бародарро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъияти ва алфози қабеҳ нисбат ба кормандони БДА 7 шабонарӯз ба ҳабс  фиристоданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе,  кормандони бозрасӣ ҳангоми хизматбарӣ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- гелендваген» рақами қайди давлатиаш 7000JE01, Убайдзода Шаҳром Шамсулло, соли таваллудаш 01.03.2002 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев протокол тартиб додаанд.

  Дар ин замон бародари номбурда Убайдов Идибек Шамсуллоевич, соли таваллудаш 20.05.1994, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари беэҳтиромӣ нисбати кормандони бозрасӣ, ҳамзамон онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст.

  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия ҳар ду бародарон ва автомашинаашон ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Убайдов Идибек барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи И.Сомонӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.