Дастур барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурх

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз манзилҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидаанд, боздид кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, мавсуф аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан карда, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас додааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кӯтоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *