Даъвати Русия барои ҳамкорӣ бо Толибон.Тоҷикистон онро қабул мекунад?

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Тоҷикистон ва ҳукумати “Толибон”, ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, хост, “роҳҳои аз байн бурдани шиддати вазъ дар сарҳадро” ҷустуҷӯ кунанд.

Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва “Толибон” нигарон аст.

Ӯ гуфт, “дар бораи аз ҳарду тараф ба сарҳад кашида шудани нерӯҳои мусаллаҳ гузоришҳо расидааст. Мо даъват мекунем, ки Душанбе ва Кобул роҳҳои барои ҳарду ҷониб муносиби ҳалли авзоъро биёбанд.”

Сухангӯи “Толибон” охири ҳафтаи гузашта бо нашри чанд акс дар “Твиттер” хабар дод, ки ба вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон, “ҳазорҳо” нерӯи “Лашкари Мансурӣ”-ро фиристодаанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Президент  Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Афғонистон, чанд рӯз пайиҳам бо иштироки сарбозону афсарон ва техникаҳои ҳарбӣ гашти низомӣ баргузор кард.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”, охири ҳафтаи гузашта ҳадаф аз фиристодани нерӯҳоро “пешгирӣ таҳдидҳои эҳтимолӣ” гуфт, аммо аз кадом таҳдиде ном набурд. Маълум нест, эълони фиристодани ҳазорон маргталаби шаҳидшав ба ғайр аз таҳдид нисбат ба Тоҷикистон чӣ буда метавонад.

Пештар “Толибон” батакрор гуфтаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя таҳдидеро раво нахоҳанд дид.

Тоҷикистон ягона кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, ки ҳукумати “Толибон”-ро ба шиддат танқид мекунад. Бар илова, мақомоти тоҷик ҷонибдории худро аз Ҷабҳаи муқовимат, ягона нерӯе, ки дар вилояти Панҷшер алайҳи “Толибон” меҷангад, низ пинҳон накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *