Давлат Гуреззода муовини раиси Дӯстӣ таъин шуд
Давлат Гуреззода, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шуд. Ӯ бештар аз панҷ соли охир сардори Раёсати молия дар ноҳияи Ҷайҳун буд.
Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки ин тағйирот дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Давлат Гуреззода мутахассиси соҳаи молия аст. Ӯ муовини бахши иқтисоди раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шудааст. Таҷрибаи чанд солаи корӣ дар Раёсатҳои молия дорад.
Бояд гуфт, ки дар бештар аз як моҳи охир дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сардорони Раёсатҳои молия иваз карда шуданд. Ҳамчунин сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳам иваз карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ