Давлаталӣ Саид

Давлаталӣ Саид бо Валихон Туреханов мулоқот кард

Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон бо Валихон Туреханов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин вохурӣ масъалаҳои муҳими тиҷорати кишоварзии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Давлаталӣ Саид соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар меҳмононро хайрамақдам ва дар бораи самтҳои муҳими соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон сухан гуфт.

Валихон Туреханов зикр кард, ки нақша доранд ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшанд ва содироти пиёз, сабзӣ ва карамро афзоиш диҳанд. “Барои амалишавии ин ҳадаф соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 миллион доллари ИМА пешпардохт намоянд. Бо фаъолияти устувор ин маблағ то 50 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт”,- афзуд сафир.

Дар вилояти Хатлон метавон дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки талаботи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад.

Соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар — Тоҷикистон ва Қазоқистон 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст ва дар соли равон ин рақам бештар карда хоҳад шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.