Давлатзода: Ақидаҳои Кабирӣ мухолифи Ислом аст

Муродулло Давлатзода, коршиноси масоили дин ва вакили Парлумони Тоҷикистон зимни як посух ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъи Наҳзати исломӣ “андешаи динии ӯро ҷалъӣ ва берун аз қавонини ислом” арзёбӣ мекунад.

Дар ин посух, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба нашр расидааст Давлатзода ба як суҳбати Кабирӣ дар YouTube ишора карда онро ситезаҷӯёна ва бо далоили динӣ ақидаҳои динии Муҳиддин Кабириро ботил мебарорад.

Давлатзода менависад: “Оқои Кабирӣ! Аввал ин ки андешаи диниеро, ки Шумо дар назар доред, ҷаълӣ ва сохта аст. Он дар сарчашмаҳои динӣ реша надорад. Воқеъият ва ҳақиқати андешаи динии Шумо дигар аст. Он аз принсипҳои геополитикии Ғарб маншаъ гирифта, барои таъмини мудохилаи омили аҷнабӣ ва бўҳронӣ сохтани вазъи амниятӣ дар давлатҳои дунявӣ ва хидмати хирсона кардан ба миллатҳои мусулмон равона шудааст.

Истилоҳан он чиро ки, Шумо андешаи динӣ мегўед, дар асл исломи сиёсӣ аст, ки бо дини ислом комилан мухолиф мебошад. Исломи сиёсӣ як навъ вокуниши хатарноки идеологӣ ва сиёсӣ дар шарқи исломӣ мебошад, ки он бо таҳрик ва дастгирии бевоситаи Ғарб ба вуҷуд омадааст. Намунаи исломи сиёсиро дар аҳли тасаннун ваҳҳобия, салафия, ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва ғ. дар олами ташайюъ идеология ва сиёсати Вилояти Фақеҳ таҷассум менамоянд. Дар Тоҷикистон, ифодаи «исломи сиёсӣ» андешаи «Наҳзат» мебошад.

Дар ин ҷо як нуктаро қайд кардан ба маврид аст. Ба Қонуни дин эрод гирифта изҳор доштед, ки он бевосита фазои динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ноуствор мегардонад.

Дар ин сурат суол пайдо мешавад. Дар мафкураи «исломи сиёсӣ» андешаи калидӣ ин як будани дину давлат, ҷудонопазирии дин, сохторҳову муассисаҳои динӣ аз низоми сиёсӣ аст.  Чунин пайвандӣ ба асосҳои сохтори конститутсионии давлати дунявӣ пурра зид мебошанд. Аз ин ҷиҳат, андешаи динии сиёсии Шумо оқои Кабирӣ, на танҳо ба Қонуни дин, балки ҳатто ба хиради солим ва инчунин ба ҷараёни рушди давлатдории миллӣ номувофиқ аст.

Таҷриба ва амалияи «исломи сиёсӣ» дар давлатҳои дунявии олами ислом равшан нишон медиҳанд, ки дар асоси андешаи динии Шумо (теократия) миллату давлатҳо аз як сў, исломи сиёсӣ аз сўи дигар ва Ғарб аз тарафи сеюм бар зидди асли дунявият қарор гирифтаанд. Агар мудохилаи аҷнабиро ба назар гирем, дар дохили кишвар аз ибтидо «исломи сиёсӣ» буд.”

Посухи мукаммали Давлатзодаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *