Деваштич: Президент “Малика”-ро ифтитоҳ кард ва бо ятимони кулл мулоқот намуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич Маҷмааи хизматрасонии “Малика”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар марказ фароҳамшуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ суҳбати самимӣ анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки дар коргоҳи нав зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Иншооти нав дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шарифҷон Раҳмонбердиев бунёд гардидааст. Он аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи аввали маркази хизматрасонӣ сехи дӯзандагӣ ҷой дода шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 100 кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *