Дэвид Линч: “Сақич ба мағзи сар шабоҳат дорад”

Имрӯз амрикоиҳо рӯзи сақичҳои резиниро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат, чанд факти ҷолиб ва шавқоварро манзури шумо мегардонем.

Тӯлонитарин занҷирҳои сақичиро Гари Дюхл бофтааст. Вазни занҷира 164,2 кг буда, аз 1 231 516 пайванд иборат буд. Дарозии занҷир 9370,77 метрро ташкил медод.

Дар шаҳри Сан-Луиси Калифорния деворе ҳаст, ки бар он ҳар кас метавонад сақичи худро часпонад. Дар Бошхолти Олмон низ шохаҳои дарахтонро бо ҳамин мақсад истифода мебаранд.

Коргардони маъруфи Ҳолливуд Дэвид Линч сақичҳои истифодашударо ҷамъ мекунад. Мувофиқи суханони ӯ, “он ба мағзи сари инсон шабоҳат дорад”.

Бузургтарин резини ҳубобӣ моҳи июли соли 1994 дар студияи телевизионии ABC дар Ню Йорк сабт шудааст. Онро Сюзан Монтгомери аз ИМА ҳаво дод.

Соли 1989 дар ИМА патенти ғайриоддии «медалиони сақич» дода шуд. Муаллифи ихтироъ Кристофер Робертсон қайд кард, ки медалион «ба шумо имкон медиҳад, ки сақичро бо худ нигоҳ доред ва онро беназорат нагузоред, ки дар натиҷа он ифлос шуда метавонад ё ба дасти одамоне афтад, ки онро надоранд».

Таҳияи Амони Муҳаммад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.