Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Туркия
2-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд, навиштааст АМИТ “Ховар”.
Ба навиштаи манбаъ дар ин дидор ҷонибҳо аз вусъати бештар дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошанд.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) василаи муҳими густариши робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Инчунин, доир ба ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назаркарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ