Нуршед Машрабов

Дипломи “Соҳибкори сол” ба Нуршед Машрабов тақдим гардид

Соҳибкори шинохта, директори бузургтарин маркази тиҷорат дар шаҳри Душанбе — “Корвон сити” Нуршед Машрабов дар “Рейтинг-2022”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj дар номинатсияи «Соҳибкори сол» пешсаф шуд.

Дипломро сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур ба директори Маркази савдои “Корвон сити” Нуршед Машрабов тақдим намуд.

Нуршед Машрабов ба ҳамаи онҳое, ки ба ҷонибдориаш дар “Рейтинг-2022” овоз доданд, изҳори сипос намуд. Ӯ гуфт, ки ин эътимоди мардум аст ва минбаъд ҳам барои беҳтар намудани хизматрасонӣ дар Маркази савдои “Корвон сити” шароит фароҳам хоҳад овард.

Ҳоло дар Маркази савдои “Корвон сити” беш аз 10 ҳазор нафар соҳибкорону кормандон фаъолият доранд. Бо бунёди иншооти наву замонавӣ ва муҳташам сол аз сол сатҳи хизтматрасонӣ дар “Корвон сити” беҳтар шуда истодааст.

Таваққуфгоҳе, ки дар “Корвон сити” бунёд шудааст, мувофиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ мебошад. Таваққуфгоҳ дар масоҳати бештар аз 14 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт беш аз 500 адад воситаи нақлиёт метавонанд дар он ба таваққуф гузошта шаванд. Таваққуфгоҳ аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар ошёнаи болоии бинои таваққуфгоҳ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шуда, дар ин марказ бо истифода аз 12 монитор ва 171 камераҳои мушоҳидавӣ масъулин тартиботи бозорро назорат менамоянд.

Тамоми таҷҳизоти техникии насбгардида насли нави ширкати маъруфи Хиквижн (Hikvision) буда, атрофи бозорро дар масоҳати бештар аз 2 ҳазор метри мураббаъ назорат менамояд.

Дар ин марказ ҳамчунин системаи огоҳикунандаи зиддисӯхторӣ насб карда шуда, дар ҳолати бонги хатар аз ин ҷо муайян карда мешавад, ки ҳодиса дар кадом даромадгоҳ ва ё кадом қатори бозор рух додааст.

Умуман, Маркази савдои «Корвон сити» дар масоҳати бештар аз 107 ҳазор метри мураббаъ таъмиру навсозӣ гардидааст. Ҳадаф фароҳам овардани шароит ба соҳибкорон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *