Додситони Эрон ба Суғд ташриф овард
Шоми 8-уми июн Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо раиси вилояти Суғд дидор кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳои дӯстонаи Эрону Тоҷикистон мубодилаи афкор намудаанд.
Раиси вилоят аз муштаракоти фарҳангӣ ёдовар шуда, омодагии худро барои густариши равобит изҳор доштааст.
Додситони кулли ҶИЭ Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ аз истиқболи самимӣ сипосгузорӣ карда, бар тақвияти муносиботи дӯстона ишорат кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Додситони кулли ҶИЭ Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ зимни сафар ба вилоят аз минтақаҳои фарҳангиву сайёҳӣ боздид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ