«Эсхата» «Истиқлол»-ро думболагирӣ мекунад

Рўзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта чор бозии даври сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон-2023 дар Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар бозии марказии давр «Эсхата»-и Хуҷанд дар сафар бар «Равшан»-и Кўлоб бо натиҷаи бузурги 3:0 ғалаба кард. Пас аз ин пирўзӣ «Эсхата» ба зинаи дуюми ҷадвали чемпионат баромад, ки аз «Истиқлол» як имтиёз камтар дорад. «Истиқлол» як бозӣ камтар анҷом додааст, зеро вохўрӣ бо КМВА ба далели омодагии тими миллии Тоҷикистон ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» ба вақти дигар гузаронида шуд.

Дар ин давр дастаи «Файзканд» дар майдони худ бо «Хуҷанд» мусовӣ (1:1) кард. Дар ин бозӣ сармураббии «Хуҷанд» Нуъмон Ҳасанов барои таҳқири ёвари довар аз майдон ронда шуд.

«Кўктош» низ бо ҳисоби бузурги 3:0 бар «Хатлон» пирўз шуд. «Ҳосилот» бо як гол тавонист бар «Регар-ТадАЗ» ғолиб ояд. Даври 14-ум рўзҳои 24 ва 25-уми июн баргузор мешавад. 24-уми июн «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан», КМВА бо «Кўктош», 25-уми июн «Хуҷанд» бо «Ҳосилот», «Хатлон» бо «Файзканд» ва «Истиқлол» бо «Эсхата» бозӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *